Мирзиёев: Танҳо гузоштани Афғонистон иштибоҳи бузург аст

Раисҷумҳури Ӯзбекистон зимни суханрониаш дар СММ изҳор дошт, ки танҳо гузоштани Афғонистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ иштибоҳи бузург аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни суханрониаш дар маҷмаъи умумии СММ таъкид кард таҳаввулоти Афғонистон ба таври мустақим бар амнияти ҷаҳонии таъсиргузор аст.
Вай тайи суханрониша гуфт таҳаввулоти Афғонистон барои ҳали мушкилот ба тамаркузи ҷаҳонӣ ниёз дорад.
Мирзиёев гуфт, танҳо гузоштани Афғонистон бо мушкилоте, ки бо он рӯ ба рӯ аст, иштибоҳ бузурге аст.
Раисҷумҳури Ӯзбекистон изҳор дошт, нодида гирифтан мунзави сохтан ва таҳмили таҳримҳо, танҳо мушкили мардуми Афғонистонро афзоиш медиҳад.
Раҳмон гуфт, роҳи расидан ба сулҳ дар Афғонистон чист
Ин изҳороти дар ҳоле сурат мегирад,ки кумакҳои ҷаҳонӣ ба мардуми Афғонистон коҳиш ёфтааст.
Вазири хориҷаи Ӯзбекистон, Бахтиёр Саидов, чанде қабл дар дидор бо Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи ҳукумати Афғонистон бар зарурати озодии дороиҳои ин кишвар барои беҳбуди вазъияти иқтисодии Афғонистон таъкид кард.
Вай гуфта буд, ки мақомоти афғон бояд дар нишастҳои марбут ба Афғонистон ҳузур дошта бошанд.
Саидов ҳамчунин таъкид карда буд захоири бонкии масдудшудаи Афғонистон бояд озод шавад, зеро ин дороиҳо барои бозсозии иқтисоди ин кишвар муҳимаст.