Маълум шуд, ки чӣ қадар донишҷӯёни тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд

Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки намояндагони илмҷӯи ҷумҳурӣ таҳсили босифат хоҳанд гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Ҳудуди 18 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон ба таҳсилоти буҷавӣ дар Русия шомил шуданд.
Дар ин бора сафири Русия дар ҷумҳурӣ Семён Григорев изҳор дошт.
Гуфта мешавад, ки зимни суханронӣ дипломат теъдоди умумии донишҷӯёни тоҷик дар хориҷ аз кишварро изҳор дошт.
"Ҳоло дар донишгоҳҳои Русия 28 ҳазор намояндаи Тоҷикистон таҳсил мекунанд", - гуфт ӯ.
Сафир ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки ҷавонон таҳсилоти босифат мегиранд.
"Умедворем, ки ин афрод ба ҷумҳурӣ, ба Ватан баргашта, дар ин ҷо дар муассисаҳои таълимӣ кор мекунанд, — гуфт дар хотима Григорев.
Ба мактаббачагони Ваҳдат китобҳо бо забони русӣ тақдим шуд
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар чаҳорчӯби барномаи “Муаллими рус дар хориҷа” барои кор дар соли таҳсили 2023-2024 ба Тоҷикистон 66 омӯзгор омадаанд, ки 10 нафари онҳо бори аввал дар ин тарҳ ширкат мекунанд.