ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сӯхтор рух додааст.
Вуқӯъи ин ҳодисаро дар мақомоти сӯхторнишонии Суғд ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон таъйд карданд.
Бино иттилои манбаъ ҳодиса шаби 19 ба 20 уми сентябр тақрибан соати 1:45 дақиқа рух додааст.
Сӯхтор дар факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
© Sputnik / Камар Ахрор
Барои хомуш намудани алангаи оташ ба ҷойи ҳодиса 13 мошини сӯхторнишонии шаҳру навоҳии Хуҷанд ва атрофи он равон шудааст.
“Давоми бештар аз як соат сӯхторнишонҳо тавонистанд оташро хомӯш намоянд” - таъкид намуд, як нозири сӯхторнишонӣ, ки дар маҳаллаи ҳодиса сафарбар шудааст.
Идораи сӯхторнишонии шаҳри Хуҷанд дар ҳоли ҳозир сабаб ва зарари расида ба аз сӯхтор дар биенои таълимии донишгоҳро таҳқиқ доранд.
Сӯхтор дар факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
© Sputnik / Камар Ахрор
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар корхонаи истеҳсоли коғази ташноб воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сӯхтор сар зада буд.
Ин корхона дар канори гардиши роҳи шаҳри Бӯстон дар даромадгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавҷуд аст.
Бар пояи иттилоъи мақомот давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ 289 ҳодисаи сар задани сӯхтор дар шаҳру навоҳии Суғд ба қайд гирифта шудааст.