Тоҷикистон ҳамкориҳои байнипорлумониашро тақият медиҳад

Раиси парлумони кишвар бар он аст, ки ҳамкории байнипарлумонӣ ба таҳкими муколама миёни Тоҷикистон кишварҳои хориҷ мусоидат мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар суҳбат бо Раиси Ассамблеяи Миллии Ҷумҳурии Корея Ким Ҷин Пё дар Сеул гуфт, ки таҳкими муколамаи байнипарлумонӣ ва ба рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Корея мусоидат мекунанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот оқои Зокирзода таъкид намудааст, ки мулоқот ба рушди муносибатҳои байнипарлумонии ду давлат такони ҷиддӣ мебахшад.
“Фаъол гардидани гурӯҳҳои ҳамкории байнипарлумонӣ ва ҳамчунин робитаҳои кумитаҳои дахлдор ба таҳкими муколамаи байнипарлумонӣ ва ба рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Корея дар доираи шарикии дарозмуддат мусоидат менамояд”, - гуфт раиси парлумони Тоҷикистон.
Вай афзуд, ки бо мақсади ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои байнипарлумонӣ Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумони Тоҷикистон бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея таъсис дода шуд.
Дар Душанбе "Фестивали Корея 2023" мегузарад
“Маҷлиси намояндагон ҷонибдори ҳамкории фаъоли мақомоти қонунгузории ду давлат мебошад”, - қайд кард Зокирзода.
Зикр карда шуд, ки мубодилаи сафарҳо дар сатҳҳои гуногун, иштирок дар чорабиниҳо, инчунин муколамаи ошкоро оид ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ имкон медиҳад, ки робитаи байнипарлумонӣ таҳким ёбад.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода аз 18 то 20 сентябри соли равон дар Конфронси якуми раисони парлумонҳои давлатҳои "Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея", ки дар шаҳри Сеул баргузор гардид, иштирок намуд.
Бояд гуфт, ки тақвияти равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Русиясол аз сол тақвият меёбанд.
Русия ва Тоҷикистон густариши равобити байнипарлумонӣ миёни ду кишварро муҳим арзёбӣ мекунанд.
Равобити иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Русия яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар ба шумор меравад. Русия дар зарфи солҳои охир яке аз шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар самти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон мавқеи аввалро касб намуда,