ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Донишмандони тоҷик ду рӯз боз дар фурудгоҳи Кишинёв дармонданд.
Дар ин бора ба РИА Новости як узви гурӯҳе, ки барои баргузории конфронси забони русӣ ба Молдова сафар кардааст, хабар дод.
Гуфта мешавад, ки дар бандари ҳавоии Молдова дар баробари тоҷикон олимони Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳузур доранд.
"Молдова расман вуруди моро рад кард ва иҷоза намедиҳад, ки фурудгоҳи Кишинёвро тарк кунем", - гуфт яке аз олимон.
Ба гуфтаи як узви гурӯҳ, дар маҷмӯъ онҳо 20 нафаранд: муаррихону филологҳо, омӯзгорон ва рӯзноманигорон аз Федератсияи Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки ҳама барои вуруд ба Молдова ҳуҷҷатҳои заруриро доранд.
Олим қайд кард, ки дар конфронс ӯ ва ҳамкасбонаш ният доранд, ки дар бораи нақши забони русӣ дар ташаккули ҳамбастагии байни миллатҳо маърӯза кунанд.
"Ҳоло рӯзи дувум аст, ки моро дар як гӯшаи ошёнаи дуюми фурудгоҳ таҳти назорати кормандони милитсия бо пулемёт нигоҳ медоранд. Шиносномаву бағоҷҳои моро гирифта бурданд", - гуфт як узви гурӯҳ.
Гуфта мешавад, ки кормандони фурудгоҳи Молдова ба олимон асноде пешниҳод кардаанд, ки сабаби боздоштро "иҷро накардани шартҳои дигаре, ки мақомоти Молдова барои вуруди хориҷиён ба ҷумҳурӣ муқаррар кардааст" будааст.
Кишинёв аз шарҳи вазъ худдорӣ кард.