Тоҷикистониён ба сегонаи аввали истироҳаткунандагон дар Ӯзбекистон қарор гирифтаанд

Оҷонсии омори Ӯзбекистон рейтинги кишварҳоеро нашр кард, ки сайёҳон аз онҳо ба сегонаи беҳтарин истироҳаткунандагони ҷумҳурӣ шомиланд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни меҳмонони хориҷӣ дар Ӯзбекистон, ки дар моҳҳои январ-август бо ҳадафи фароғату истироҳат ба ҷумҳурӣ омада буданд, ба сегонаи беҳтарин шомил шуданд.
Дар ин бора Оҷонсии омори Ӯзбекистон хабар додааст.
Ҳамин тариқ, дар соли 2023 25,1 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои истироҳат ба Ӯзбекистон ворид шудаанд.
Ба сегонаи беҳтарин истирохаткунандагон аз хориҷи кишвар сокинони Русия (155,5 ҳазор) ва Қазоқистон (39,6 ҳазор) шомиланд.
Тоҷикистон таҷрибаи Туркияро дар бахши сайёҳӣ меомузад
Дар ҳамин ҳол, дар охири соли 2022 сайёҳони рус аз рӯи сафар ба ҷумҳурӣ пас аз меҳмонон аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мақоми 4-умро ишғол карда буданд, афзуд агентии омор.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар пойтахти Тоҷикистон Анҷумани байналмилалии гардишгарии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд, ки дар он таҳкими ҳамкориҳо дар самти рушди сайёҳии кишварҳои иштирокдор табодул шуд.
Масъалаи таъсиси хатсайрҳои сайёҳии муштарак аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот арзёбӣ гардид.
Интизор меравад, ки пас аз ин нишаст харитаи роҳро барои рушди кластерҳои сайёҳӣ дар ИДМ таҳия шавад.