Путин дастур дод, ки бозомӯзии ронандагони дорои шаҳодатномаи хориҷӣ сода карда шавад

Тадбирҳо ба ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ, ки шаҳодатномаи ронандагии шаҳрванди хориҷӣ барои ҳуқуқи рондани воситаҳои нақлиёт доранд, дахл хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Дар Русия тартиби бозомӯзии ронандагони нақлиёт бо шаҳодатномаи хориҷӣ сода карда мешавад.
Ин фармонро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин додааст.
Ӯ супориш дод, ки то 1 феврал пешниҳодҳои дахлдорро дар ин самт ироа кунанд.
Тадбирҳо ба ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ, ки шаҳодатномаи ронандагии миллии хориҷӣ барои ҳуқуқи рондани воситаҳои нақлиёти категорияҳои дахлдор доранд, дахл хоҳад кард, гуфта мешавад дар фармоне, ки дар вебсайти Кремл нашршуда.
Дар Русия барои муҳоҷирони ронанда эҳтимол қоидаи нав ҷорӣ шавад
Президент инчунин ба вазоратҳои дахлдор супориш дод, ки ҷиҳати ҷорӣ намудани таълими мақсадноки ронандагони нақлиёти ҷамъиятии рӯизаминӣ маҷмӯи тадбирҳо таҳия намоянд.
Аз ҷумла, татбиқи амалии малакаҳо дар корхонаҳои махсусгардонидашуда, рушди пойгоҳҳои таълимӣ, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва ҷолибияти касби ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ дар бозори меҳнат зарур аст.