ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Нерӯҳои Русия корвони мошинҳои зиреҳпӯши қувваҳои мусаллаҳи Украинаро дар вилояти Запороже нобуд карданд.
Дар ин бора иҷрокунандаи муваққатии вазифаи губернатори вилоят, Евгений Балитский дар саҳифааш дар Telegram баён дошт.
Вай афзуд, маълумот дар бораи нобудсозии корвони зиреҳпӯшонро ҳангоми талоши ҳамлаашонро аз фармондеҳони низомӣ гирифтаст.
"Ман ҳоло бо фармондеҳи воҳидҳои мо дар самти Ореховский сӯҳбат кардам. Имрӯз тақрибан соати панҷи саҳар разведкаи мо ҳаракати гурӯҳҳои зиреҳпӯши душманро дар самти Работино ошкор кард, тамоми колонна нобуд карда шуд", - навиштааст Балитский.
Вазъият дар самти Запороже дар хатти ҷабҳа ҳоло нисбатан пуршиддат арзёбӣ мегардад.
Дар наздикии деҳаи хурди Работино, нерӯҳои Украина, аз ҷумла як қисми захираи стратегияшон, кӯшиши ҳамлаи ҷавобӣ доранд.
Тавзеҳ дода шудаст, ик ин захираҳои стратегӣ аз ҷониби кишварҳои НАТО омӯзонида шуда, бо техникаи ғарбӣ мусаллаҳ гардида, ба хатти муҳориба фиристода шудаст.
Ба фикри мутахассисон, қувваҳои мусаллаҳи Украина барои ишғол кардани Работино сахт кушиш мекунанд, то ба Токмак роҳ кушоянд.
Маскав мегӯяд, сарфи назар аз талошҳои густурдаи нерӯҳои Украина барои ҳамлаи ҷавобӣ, Киев дар ҳеч самте ба муваффақият ноил нашудаст.