Ҷаҳиши нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ

Интизории норасоӣ дар бозори нафти ҷаҳонӣ ва ҷаҳиши нархи он дар пасманзари талоши кишварҳои ОПЕК+ барои коҳиш додани истихроҷи он сурат мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Нархи нафти навъи Brent барои нахустин бор аз нимаи ноябри соли гузашта ба ин сӯ, то беш аз 95 доллар барои як бушка боло рафт.
Ба иттилои РИА "Новости", болоравии нархи нафт дар ҳоле сурат мегирад, ки кишварҳои ОПЕК+ барои коҳиши истихроҷи нафт талош доранд ва интизориҳои норасоӣ дар бозор нархи онро боло бурдаст.
Камбуди пешниҳод ба бозор аз ҷумла ҳафтаи қабл дар гузоришҳои ОПЕК ва Оҷонси байналмилалии энержӣ (IEA) қайд карда шуд.
Сарвазири Русия ҳаҷми даромади нафтию газӣ ва ғайри онро эълон кард
"Эҳтимоли ҷаҳиши нарх ба 100 доллар ҷой дорад, аммо мо итминони кам дорем, ки он устувор хоҳад буд", - гуфтаст стратеги бозори Saxo Capital Markets Pte, Чару Чанану ба нашрияи Bloomberg.
Ба ақидаи ӯ, суръатбахшии таваррум метавонад боиси таҷдиди нави сиёсати пулию қарзӣ шавад ва кишварҳои ОПЕК+ наметавонанд талаботро назорат кунанд.
Дар пасманзари фишори нархҳо, тоҷирон натоиҷи нишасти ниҳоди захиравии ИМА-ро назорат хоҳанд кард.
Танзимгари амрикоӣ аз соли гузашта ба далели боло рафтани таваррум меъёрҳои бозтамвилро боло бурда истодааст. Интизор меравад, ки пас аз ҷаласаи моҳи сентябр ин меъёр дар сатҳи 5,25-5,5%-и солона боқӣ мемонад.