Ба қайдгирии болоравии қимати маҳсулот дар қаламрави ИИАО

Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст, ки дар қаламрави кишварҳои ИИАО 3,9 дарсадии болоравии нарх дар моҳҳои январ-август ба қайд гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Сатҳи таваррум дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар моҳҳои январ-августи соли равон 3,9%-ро ташкил дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Шохиси нархҳои истеъмолии маҳсулот ва хизматрасонӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар моҳи августи соли 2023 нисбат ба моҳи июли соли равон 100,3%, аз моҳи декабри соли гузашта – 103,9 фоиз ва августи соли 2022 – 105,9 фоизро ташкил дод.
Нисбат ба моҳи августи соли гузашта дар қаламрави ИИАО болоравии назарраси нархҳои хизматрасонӣ (ба 9,8%) ба қайд гирифта шудааст. Нархҳои маҳсулоти ғизоӣ дар ин давра 4,5% ва маҳсулоти ғайриғизоӣ 4,7% афзудааст.
ИИАО ҳифзи моликияти зеҳниро тақвият мебахшад
Дар Қазоқистон (12,4%) ва Қирғизистон (7,5%) болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ нисбат ба кишварҳои ИИАО ба қайд гирифта шудааст.
Афзоиши бештари нархи маҳсулоти ғайриозуқа дар Қирғизистон (14,6%) ва Қазоқистон (13,5%), хизматрасонии пулакӣ дар Қазоқистон (13,9%) ба қайд гирифта шудааст.
Аъзоёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз лаҳзаи таъсис, панҷ кишварро дарбар мегирад. Ба ин созмон Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Арманистон шомиланд.