Вокуниши толибҳо* ба изҳорот дар Душанбе дар мавриди оби Ому

Раисҷумҳури Ӯзбекистон ахиран зимни ҷаласаи роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе аз паёмадҳои бунёди канали Қӯштеппа ҳушдор дода буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Толибон* ба нигаронии Ӯзбекистон аз сохтмони канали Қуштеппа вокуниш карда, изҳор доштанд, ки Кобул дар ин масъала ҳаққи касеро намегирад.
Сухангӯи ҳукумати гурӯҳ, Забеҳулло Муҷоҳид, дар посух ба изҳороти раисиҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев дар Душанбе да мавриди истифодаи об, гуфт, Афғонистон бо бунёди канали Қуштепа ҳаққи ҳеҷ кишвареро намегирад.
Ба гуфтаи Муҷоҳид, Кобул танҳо ҳиссаи худро аз дарёи Омӯ мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо* аз марти соли 2022 ба сохтмони канали бузург бо номи Қӯштеппа оғоз кардаанд, ки гуфта мешавад бо паҳноии то 100 метр, чуқурии 8,5 метр ва дарозии зиёда аз 285 км метавонад то 20-30%-и оби дарёи Омуро бигирад.
Мирзиёев роҳи наҷоти Осиёи Миёна аз хушксолиро гуфт: Нақшаи раисҷумҳури Ӯзбекистон
Раисиҷумҳури Ӯзбекистон ахиран дар ҳамоиши сарони кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал дар Душанбе назарашро дар мавриди бунёди канали Қӯштеппа баён кард.
Вай гуфт, дар минтақа иштирокчии нави раванди истифодаи об пайдо шудааст ва аз ин рӯ пешниҳод кард, гурӯҳи корӣ барои омӯзиши тамоми паҳлӯҳои сохтмони канал ва таъсири он ба режими оби Амударё таъсис дода шавад.
Мирзиёев ҳамчунин масоили гуфтушуниди минтақавӣ дар мавриди тақсиму истифодаи об ҷалб кардани намояндагони Афғонистонро пешниҳод кард.
* - Ин созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.