Толибон*: Ҳуқуқи занон дар низоми ҳукумати мо зери по нашуда аст

Мақомдори ҳукумати феълӣ гуфт ки бархе кишварҳо дар ҳоле толибонро* ба нақзи ҳуқуқи занони муттаҳам месозанд, ки худашони ҳуқуқи занонро зер по кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен - Sputnik. Дар низоми толибон* ҳуқуқи занони зери по нашуда ва кишварҳои ки толибонро ба нақзи ҳуқуқи занон муттаҳам мекунад худашони ҳуқуқи занонро зери по кардаанд, гуфт Сарпарасти вазорати амр ба маъруф ва ниҳй аз мункар Муҳаммадхолид Ҳанафӣ дар маросими муаррифии волии тоза Бадахшон.
Тавре Sputnik Афғонистон хабар медиҳад, Муҳамадхолиди Ҳанафӣ дар ин ҷамъомад гуфтааст, ки занон дар кишвар ба фармони раҳбари ин гурӯҳ, ҳаққи мирос ва ҳақи гузиниши шавҳарро доранд.
"Бародарон, ки хоҳарҳоро мирос намедиҳанд он хоҳарони азиз ҳақ доранд ва салоҳият дода шудааст аз тарафи толибон*, ки ариза кунанд аз Бадахшон то Қандаҳор ҳеҷ касе ҷуръат ва салоҳият надорад ки онҳо мироси хоҳарҳоро бихуранд ва надиҳанд", - гуфт ин мақомдори толибон*.
Шӯрои муқовимати Афғонистон: идомаи таъомул бо толибон 11 сентябрро такрор хоҳад кард
Ӯ дар ин суханронӣ аз мамнӯъ шудани духтарони мусулмон бо пӯшиши арабӣ дар мактабҳои фаронса интиқод кард ва сукути ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар баробари ин мамнуиятро пурсиш барангез хонд.
Қобил ёдоварӣ аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусуси кишварҳои исломӣ аз толибон* хостори боз шудани макотибу донишгоҳҳо ба рӯй духтарон аст.
*-гурӯҳе, ки барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад