Дар Душанбе "Фестивали Корея 2023" мегузарад

Дар "Фестивали Корея 2023" ширкатҳои кореягӣ, ки дар кишвар ва Осиёи Марказӣ аллакай фаъолият доранд, иштирок менамоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен - Sputnik. Ба хотири тақвият бахшидани табодули фарҳангии байни Корея ва Тоҷикистон ва рушди ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишва 16-17 сентябр дар шаҳри Душанбе "Фестивали Корея 2023" баргузор мешавад.
Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, фестивали мазкур аз бахшҳои гуногун иборат буда, дар он 12 ширкати вилояти Кёнсангбуки Корея, ки барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон омодагӣ мегиранд, инчунин ширкатҳои кореягӣ, ки дар кишвар ва Осиёи Марказӣ аллакай фаъолият доранд, иштирок менамоянд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар он гӯшаи ташвиқоти тиббӣ тавассути табобатҳои одӣ, тибби анъанавӣ ва технологияи тиббии Корея ба намоиш гузошта мешавад.
Аз иқтисоди сабз то иқтисоди рақамӣ: баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея дар Душанбе
Ёдовар мешавем, ки мносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели 1992 барқарор карда шудаанд.
Қаблан вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар дидор бо мақомоти кореягӣ аз онҳо даъват кард, ки бо дарназардошти имконияти ин кишвар барои ҷалби сармояи мустақими кореягӣ ба иқтисоди миллӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла мошинҳои барқӣ, техникаҳои барқӣ бо истифода аз технологияҳои муосири Корея мусоидат намояд.