Тоқаев дар Душанбе ба мақоми нави байналмилалӣ таъйин шуд

Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал роҳбари нави ин ниҳоди байналмилалиро барои се соли оянда таъйин карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Қосим Ҷомарт Тоқаев ба мақоми президенти Фонди байналмилалии наҷоти Арал интихоб гардид.
Бар асоси иттилоияи расмӣ, Тоқаев роҳбарӣ дар Фонди байналмилалии наҷоти Аралро аз соли 2024 то 2026 ба уҳда хоҳад дошт.
Қарори Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар ин бора дар Душанбе қабул гардид. Роҳбарӣ дар созмони мазкур аз Тоҷикистон ба Қазоқистон гузашт.
Раҳмон ба роҳбарони Осиёи Марказӣ неъматҳои табиии Тоҷикистонро нишон дод - видео
Дар ҷаласаи Душанбе, раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Қазоқистон - Қосим Ҷомарт Тоқаев, Туркманистон - Сардор Бердимуҳаммадов, Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев, муовини аввали раиси Девони вазирони Қирғизистон, Адилбек Касималиев ва ҳамчунин намояндаи махсуси дабири СММ, Каха Имнадзе иштирок карданд.
Қаблан таъкид шуда буд, ки дар тӯли 30 соли фаъолияти пурсамари хазина қисми шимолии баҳри Арал барқарор карда шудааст.
Натиҷаҳои мусбат аз ҳисоби афзоши гузариши об аз 350 ба 700 метри мукааб ҳосил гардидааст. Ҳамаи ин имкон дод, ки вазъи экологӣ дар ҳавзаи баҳри Арал беҳтар гардонда шавад, мегӯянд масъулин.