Вазирон созиш карданд: Тарҳи созишнома ба имзои президентҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод шуд

Аз ҷумлаи санадҳои мувофиқашуда, ки барои имзо ба роҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна дар Душанбе пешниҳод мегардад, марбути нақлиёт мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Вазирони нақлиёти кишварҳои минтақа лоиҳаи созишномаро "Дар бораи таҳкими равобити байниҳамдигарии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ" мувофиқа карданд.
Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки интизор меравад, ин санад дар доираи мулоқоти панҷуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 14-15 сентябр дар Душанбе баргузор мегардад, имзо шавад.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳадафи асосии Созишнома фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти заминӣ, таъмини муҳити рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои нақлиётии Осиёи Марказӣ мебошад.
Баланд бардоштани самаранокӣ ва ташаккули долонҳои нави байналмилалӣ, аз ҷумла мултимодалӣ, содда кардани раванди интиқол ва транзит тавассути нақлиёти заминӣ, рушди хизматрасониҳои муосири нақлиётӣ ва логистикӣ аз ҷумлаи аҳдофи дигари созишнома арзёбӣ шуданд.
Бурди Тоҷикистон аз гардиши нақлиётии ИИАО
Таъкид гардид, ки санади мазкур ҳамчунин татбиқ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла рақамикунонии ҳамлу нақли заминӣ, ҳавасмандгардонӣ ва рушди амалияи истифодаи навъҳои экологии нақлиётро фаро мегирад.
Нишасти нахустини вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе таҳти раёсати вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим баргузор шуд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин вазири нақлиёти Қазоқистон Марат Карабаев, вазири нақлиёти Ӯзбекистон Илҳом Маҳқамов ва директори Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон Мамметхон Чакиев иштирок карданд.