Аз оши палав то тарбузу харбуза: Намоиши боигарии табиати Тоҷикистон - акс

Ҷашнвораи оши палав, тарбузу харбуза, себу ангур ва каду дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи А. Фирдавсӣ бо шаҳомати хоса баргузор шуд
Sputnik
1 / 11

Ҷашнвораи тарбузу харбуза дар Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзӣ баргузор шуд.

2 / 11

Ин ҷашнвора ба 32-юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон бахшида шудааст.

3 / 11

Дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ ҳунармандони чирадаст маҳсули дасти худро ба намоиш гузоштанд.

4 / 11

Дар рӯи хоне, нону фатиру дар дигаре кулчаю чаппотӣ ва гирдачаи тоҷикӣ аз ҳунари волои бонувони тоҷик дарак медиҳад.

5 / 11

Дар баробари омода кардани таомҳои миллӣ, ҳунари тоқидӯзӣ ва ҷуроббофии минтақаҳои дурдасти кишвар низ ба намоиш гузошта шудааст.

6 / 11

Оши палав, ки аз таомҳои асосии миллии тоҷикӣ ба шумор меравад аз ҷониби ошпазҳои номдор омода карда шуда, ба ҷашнвора таровати дигар бахшид.

7 / 11

Албатта ин ҷашнвора низ бидуни намоиши асбобҳои мусиқӣ, ки аз фарҳангдӯстии халқи тоҷик дарак медиҳад, нагузашт.

8 / 11

Оро додани ҳар як ашёи намоишӣ ба таври хос касро дар ҳайрат мегузорад.

9 / 11

Намоиши либоси миллӣ - чакан ва рақсу суруди тоҷикӣ дили меҳмонони ҷашнвора шоду масрур гардонд.

10 / 11

Ҳунарҳои гуногуни мардуми тоҷик гӯшаеро дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ оро медод.

11 / 11

Ин ҷашнвораи рангоранг дер боз дар дилу дидаи сокинони Душанбе ва меҳмонони пойтахт нақш хоҳад баст.

Дар Душанбе намоиши таомҳои миллӣ, ҷашнвораи тарбузу харбуза, каду, себу ангур ва оши палав баргузор гардид.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат карду лаҳзаҳои ҷолибашро аккосӣ намуд.
Ин чорабинӣ бо ибтикори Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар боғи фарҳангу фароғатии ба номи А. Фирдавсӣ гузашт.
Ҳамин тариқ, ин намоишгоҳ бахше аз таҷлили ҷашни истиқлолият буда, дар он на танҳо маҳсулоти кишоварзӣ, балки ҳунарҳои мардумӣ низ ба маърази тамошо гузошта мешавад.