Дар донишгоҳҳои Русия беш аз 28 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ таҳсил мекунад

Мақомоти Русия иддао дорад, ки ба донишгоҳҳои Русия бештар довталабони кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Белорус алоқамандӣ доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Беш аз 28 ҳазор ҷой дар донишгоҳҳоро аллакай барои шаҳрвандони хориҷӣ ҷудо шудааст, гуфт Вазорати маориф ва илми Русия Валерий Фалков дар мусоҳиба бо Наиля Аскер-зода дар шабакаи “Россия 1”.
Ба гуфтаи вай ҳукумати Русия барои 30 ҳазор ҷой квота ҷудо кардааст.
"Мо то ҳол қабулро идома додаем, вижагиҳои кор бо хориҷиён вуҷуд дорад, аммо маълумоти пешакӣ, ки донишгоҳҳо ба мо медиҳанд, кам нестанд ва як қатор донишгоҳҳо нисбат ба соли гузашта квотаи зиёдтар гирифтаанд. Квота аз ҷониби ҳукумат барои 30 ҳазор нафар ҷудо шудааст. Дар ҳоли ҳозир 28,5 ҳазор ҷой дар Донишгоҳҳои Русия бо шаҳрвандони хориҷӣ пур шудаанд”, - гуфт Фалков.
Вазири маорифи Русия таъкид кард кард, ки хатмкунандагони кишварҳои ИДМ ба донишгоҳҳои Русия таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд.
Теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия маълум шуд
Аз ҷумла ба донишгоҳҳои Русия донишҷӯёни кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Белорус бештар алоқамандӣ доранд.
"Кишварҳои СҲШ ва БРИКС боз ҳам пеш мераванд: Ҳамчунин намояндагони Чин ва Миср алоқамандии хуб доранд. Ман бовар дорам, ки имсол низ истисно нахоҳад буд ва мо ба шумораи эълоншуда мерасем", - хулоса кард Фалков.