Созиши соҳибкорони тоҷику қазоқ дар ҳаҷми даҳҳо млн доллар

Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҷузъиёти мулоқоти соҳибкорони тоҷику қазоқ дар Душанбе ва тавофуқоти ҳосилшуда миёни бахши хусусии ду кишварро тавзеҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Намояндаҳои доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон барои тақвияти ҳамкорӣ созиш карда, бархе созишномаҳоро ба имзо расонданд.
Ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, дар форуми соҳибкории ду кишвар ҷонибҳо ба созишҳо бо арзиши беш аз 82 млн доллар даст ёфтаанд.
Манбаъ афзуд, ки ҳамоиши соҳибкорон дар доираи мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 14-15 сентябр баргузор мешавад, сурат гирифт.
Дар ин ҳамоиш аз Қазоқистон 15 ширкати фаъол дар бахши тавлиди ғизо, сохтмон, нафт, кимиё, IT ва дорусозӣ ширкат доштанд.
Тоҷикистон яке аз содиркунандаи аслии тарбуз ба Қазоқистон шуд
Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ 70 намояндаи ширкатҳои бонуфуз намояндагӣ кардаанд.
Ширкатҳои қазоқистонӣ, ки бархеяшон ба содироти коло ва хидматрасонӣ ба Тоҷикистон машғуланду қисмати дигар ният доранд дар оянда ин корро анҷом диҳанд, ҳавасмандияшонро ба тақвияти ҳамкорӣ баён доштаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Қазоқистон ҳамоно аз шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон мебошад. Маҳсулоти муҳим аз қабили орду гандум ва гази моеъ ба Тоҷикистон маҳз аз Қазоқистон ворид мегарданд.