ДУШАНБЕ, 13 сен – Sputnik. Мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзӣ, таҳти раёсати раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдор дар Бодканд, Абдикарим Алимбоев баргузор шуд.
Сардори Хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, Музаффар Юнусов, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мулоқот дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон”-и шаҳри Исфара дар марз бо гузаргоҳи “Қизилбел”-и Бодканди Қирғизистон доир гардид.
Манбаъ афзуд, ки дар ин дидор ҳамчунин роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятҳо, раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва дигар шахсони масъул аз ду ҷониб ширкат доштанд.
"Ҷонибҳо аз кори гуруҳи кории муштарак ва сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстона изҳори қаноатмандӣ карданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар натиҷаи фаъолияти назарраси масъулони вилоятҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду тараф амният дар минтақаҳои наздисарҳадӣ таъмин буда, ҷонибҳо бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ барои таъмини субот фаъолият мекунанд.
Изҳори боварӣ карда шудааст, ки тарафҳо минбаъд низ тамоми масъалаҳои мавҷударо бо роҳи дипломатӣ ҳал намуда, ба ин васила ба рушду тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ замина мегузоранд.
Маврид ба зикр аст, ки Аҳмадзода ва Алимбоев ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва ҳалли сареи мушкилоти манотиқи марзӣ пайваста мулоқоту гуфтушунид доир мекунанд. Вазъ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ором арзёбӣ мешавад.