ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дар Душанбе ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд.
Ин конфронс дар остонаи баргузории нишасти панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид.
Нишасти машваратӣ рӯзҳои 14-15 сентябр дар назар аст ва таҳти раёсати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
Дар чорабинӣ аз Қазоқистон 15 ширкати хӯрокворӣ, сохтмон, нафт, кимиё, IT, дорусозӣ ширкат варзиданд.
Ҳамаи онҳо ба содироти коло ва хидматрасонӣ ба Тоҷикистон машғуланд ва ё ният доранд дар оянда ин корро анҷом диҳанд.
Иштирокчиён таъкид карданд, ки кишварҳо дар чаҳорчӯби созишномаҳои дуҷониба барои таъмини бозори дохилӣ ва ҳамчунин содироту воридоти маҳсулоти гуногун талош доранд.
Зимнан зикр гардид, ки анҷуман ба густариши имкониятҳои соҳибкорӣ барои Тоҷикистону Қазоқистон, табодули таҷриба ва барқарор намудани робитаҳо байни бозорҳои ҷумҳурӣ, таҳким ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун хизмат мекунад.
Ҳамзамон ширкаткунандагон изҳор доштанд, ки ҳадафи аслии конфронс барқарор кардани робитаҳои мустақим ва фаъолсозии равобити тиҷорӣ миёни корхонаҳои Тоҷикистону Қазоқистон аст.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2022 гардиши молии дуҷониба ба 1,5 миллиард доллар расид, ки нисбат ба соли 2021 263 млн ё 22,2% зиёд мебошад.