ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Роҳи кам кардани ниёз ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия рушди технологии кишвар ва тавлидот мебошад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин зимни ҳамоиши иқтисодии шарқӣ дар Владивосток баён дошта, афзуд, ки ин роҳ ҳамзамон ҳам осон мебошаду ҳам мушкил.
Дар сурати татбиқи ин иқдом шояд барои Русия чунин теъдоди зиёди муҳоҷирон зарур нашаванд, изҳор дошт Путин.
"Ин агар мо технологияҳоеро ворид кунем, ки шумораи зиёди кормандонро талаб намекунанд", - гуфт ӯ.
Владимир Путин афзуд, ки ин миён ҳалли масъалаи дигар - рушди технологии кишвар ҷой дорад.
"Навсозии истеҳсолот, заминаҳо ва ғайра. Мушкилӣ ҳам дар ҳамин аст. Чун инро имрӯзу фардо кардан намешавад. Вақту сармояи зиёд ва фаъолияти мақсаднок дар ин самтро талаб мекунад", - илова намуд вай.
Ба бовари Владимир Путин роҳҳои ҳалли ин масъала, ки содда нест, зиёданд, бояд дар ин самт корбарӣ намуд.
Тибқи пажуҳиши демографҳои Мактаби олии иқтисодӣ барои дар сатҳи 146 млн нафар нигоҳ доштани аҳолии Русия ҳар сол давоми 80 сол бояд ба кишвар 390 ҳазор муҳоҷир ворид карда шаваду дар сурати раванди манфӣ бояд ин теъдод ба 1,1 млн нафар расонда шавад.