ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Русия бояд сари боз ҳам содатар кардани раванди додани шаҳрвандӣ ба мутахассисони хориҷӣ, ки дар қаламрави кишвар таҳсил кардаанд, чораандешӣ намояд.
Ин даъватро президенти Русия, Владимир Путин зимни суханронӣ дар Форуми иқтисодии Шарқ, ки дар Владивосток идома дорад, баён дошт.
Вай таклиф кард, ки мақомоти Русия барои бартараф кардани коғазбозиҳою расмиёти барзиёд ё худ "дебюрократизатсия"-и тартиби гирифтани шиноснома барои мутахассисони соҳибихтисос чораҷӯӣ намоянд.
5 феврали 2023, 10:30
"Инҳо нафароне ҳастанд, ки маълумоти миёнаи махсус ё олӣ доранд. Мо манфиатдорем, чунин мутахассисонеро пайдо кунем, ки мехоҳанд ва метавонанд дар Русия кор кунанд", - гуфт Путин.
Вай таъкид кард, ки ин афрод аллакай забони русиро медонанд ва Русия ба он манфиатдор аст, ки чунин мутахассисон дар кишвар кор кунанд.
Пешниҳоди сода кардани додани шаҳрвандии Русия дар ҳолест, ки дар нимсолаи аввали соли равон 287 ҳазор хориҷӣ шиносномаи русиро соҳиб шудаанд.
Дар миёни русиягиҳои нав, шаҳрвандони Тоҷикистон пешсаф мебошанд, ки дар 6 моҳи аввали соли равон 87 ҳазор нафарашон шиносномаи русӣ гирифтаанд.
Шумораи шаҳрвандони Тоҷикистоне, ки дар нимсолаи аввали соли равон шиносномаи Русияро гирифтаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 13 ҳазор нафар бештар мебошад.