Тоҷикистон таҷрибаи Туркияро дар бахши сайёҳӣ меомузад

Мақомоти Тоҷикистон ахиран эълон кардааст, ки 21 мутахассис барои иштирок дар курсҳои омӯзӣ ба Туркия равон карда шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Ҳайати 21 нафараи соҳаи сайёҳии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Зиёдулло Салимзода ба шаҳри Анталияи Туркия сафар намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии кишвар.
Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз сафари намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ба Туркия иштирок дар курси омузишӣ мебошад.
Қайд карда шудааст, ки 11 -уми сентябр дар шаҳри Анталияи Туркия давраи омӯзишӣ барои кормандони соҳаи сайёҳӣ оғоз ёфт.
Дар ин курси омӯзиши аз Тоҷикистон роҳбарону масъулони як қатор ширкатшои сайёҳӣ, тарабхонаву меҳмонхонаҳо ва дигар субектҳои хизматрасонии сайёҳӣ иштирок доранд.
Асосан давоми як ҳафтаи омузиш намояндагони субеътҳои хизматрасонии Тоҷикистон курсҳои “Туроператор”, “Турагент”, “Роҳбалад”, “Ошпаз”, “меҳмонхонадорӣ”, "тарабхонадорӣ" тарҷумонӣ ва ғайраро меомӯзанд.
Ҳамоиши байналмилалии сайёҳӣ дар Душанбе оғоз шуд
Ёдовар мешавем, ки ба иттилои раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар 6 моҳи аввали соли 2023 шумораи сайёҳони хориҷӣ дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34% афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ, дар давоми нимсолаи аввали соли равон аз Тоҷикистон 628 хориҷӣ боздид намуда, беш аз 487 ҳазор нафари онҳо бо ҳадафи сайёҳӣ ба кишвар омадаанд.
Қобили зикр аст, ки аз кишварҳои ИДМ беш аз 453 ҳазор нафар меҳмони Тоҷикистон шудаанд.
Дар садри феҳрасти меҳмонони хориҷии Тоҷикистон шаҳрвандони кишвари ҳамсоя - Ӯзбекистон қарор доранд, ки дар давоми нимсола беш аз 368 ҳазор нафарашон ба ҷумҳурӣ омадаанд.
Тоҷикистон ҳамчунин миёни сайёҳони Русия низ маҳбубияти бештар касб кардааст.
Ба панҷгонаи кишварҳои пешсаф, аз рӯи шумораи сайёҳон дар Тоҷикистон ҳамчунин Қазоқистон, Туркия ва Чин ворид гардидаанд.