ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Сохтмони нерӯгоҳи "Себзор" дар ноҳияи Роштқалъа, ба маблағи зиёда аз 700 млн сомонӣ бомаром идома дорад, иттилоъ дод раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот зимни як ҳамоиш дар Хоруғ.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, Алишер Мирзонабот изҳор доштааст, ки бо супориши роҳбарияти кишвар корҳои лоиҳакашӣ ва асосноккунии нерӯгоҳи барқи обии "Санобод" дар ноҳияи Рӯшон низ давом доранд.
Мақомоти тоҷик интизор доранд, ки ВМКБ бо татбиқи тарҳҳои мазкур дар баробари таъмини пурраи талаботи дохилӣ ба содиркунандаи нерӯ ба хориҷа мубаддал хоҳад шуд.
Интизор мераванд, ки чархаи якуми неругоҳи барқи обии "Себзор", ки тавоноии умумияш 11 мегаватт мебошадл, соли оянда мавриди истифода қарор дода шавад.
Ба иттилои расмӣ, дар маҷмуъ дар вилоят тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар бахши энержӣ 24 лоиҳа ба маблағи умумии 1,6 млрд сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло корҳо дар доираи 7 лоиҳа ба маблағи умумии 1,1 млрд сомонӣ идома доранд.
Истеҳсоли неруи барқ дар ҳудуди вилоят аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне обу офтоб мебошад.
Сатҳи таъминоти аҳолии вилоят бо неруи барқ ба 98% расидааст, ки аз баландтарин нишондодҳо дар кишвар ба шумор меравад ва танҳо деҳоти дурдасти водии Бартангу ноҳияи Мурғоб ҳанӯз аз барқ бебаҳра мебошанд.