Душанбе дар феҳрасти серталабгортарин парвозҳо аз фурудгоҳи Пулково

Миёни мусофирон аз фурудгоҳи Пулково маъмултарин хатсайрҳо ин парвозҳо ба Душанбе, Анталия, Истанбул, Минск, Тошканд, Ӯш ва Самарқанд буданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Хатсайрҳои ҳавоӣ аз фурудгоҳи байналмилалии пойтахти шимолии Русия то Душанбе ба феҳрасти серталабгортаринҳо ворид гардиданд.
Ин маълумотро роҳбарияти майдони ҳавоии Пулково дар пайи таҳлили нишондодҳои парвозҳо дар давраи аз моҳи май то августи соли 2023 пешниҳод кардааст.
Гуфта мешавад, ки ҳаҷми умумии мусофиркашонӣ дар ин се моҳ нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 13% афзоиш ёфтааст.
Дар изҳороти маъмурияти фурудгоҳи Санкт-Петербург омадааст, ки беш аз 8,4 млн нафар аз ин майдони ҳавоӣ истифода кардаанд.
"Сомон Эйр" парвозҳо ба Жуковскийро эҳё ва дар дигар масирҳо зиёд мекунад
Ҳамин тариқ фурудгоҳи Пулково аз ҷиҳати мусофирбарӣ баъди майдони ҳавоии Шереметевои Маскав ҷои дуюмро соҳиб шудаст.
Ба феҳрасти хатсайрҳои маъмултарин ҳамчунин парвозҳо ба Анталия, Истанбул, Минск, Тошканд, Душанбе, Ӯш ва Самарқанд дохил шуданд.
Ҳамасола миёни Тоҷикистону Русия садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ сафар мекунанд, ки умдатан мавсимӣ барои кор меоянду қисмеяшон бо фарорасии фасли сармо ба Ватан бармегарданд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон теъдоди парвозҳо ба Русияро афзоиш дода, парвозҳо ба фурудгоҳи Жуковскийро эҳё мекунад.
Дар бозори мусофирбарии ҳавоии Тоҷикистон панҷ ширкати ҳавопаймоии Русия фаъолият мекунанд.