ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Дар вилояти Хатлон чорводорӣ рушд кард, саршумори чорвои калони шохдор қариб 5% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора муовини раиси вилояти Хатлон, Амонулло Салимзода, ки дар гузашта вазири кишоварзии Тоҷикистон буд, иттилоъ додаст.
Ба гуфтаи Салимзода, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 1,6 млн сар чорвои калони шохдор ба ҳисоб гирифта шуд, ки нисбат ба соли пешӣ 4,5% зиёд мебошад.
Вай таъкид намудаст, ки таваҷҷуҳ ба парвариши чорвои хурд низ дар минтақа афзоиш ёфта, аз ҷумла чорводорони вилоят 2,7 млн cap гусфанду бузро дар ихтиёр доранд.
Теъдоди паррандаҳо дар ҷамъбасти нимсола 2,4 млн ва саршумори асп беш аз 61 ҳазор сар ҳисоб шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди паррандапарварӣ сабукиҳои зиёди андозиро ҷорӣ кардааст, ки дар натиҷа тайи солҳои охир воридоти гӯшти мурғ аз хориҷ кам шудааст.
Ҳамчунин таваҷҷуҳи соҳибкорон ба чорводорӣ низ афзоиш ёфтааст. Ахиран дар ноҳияи Мастчоҳ парвариши чорвои калони хушзот ва гуштӣ дар ҷамъияти "Некбахт" фаъол шуд.
Масъулини корхона гуфтанд, барои афзоиши самаранокии фаъолияташон чорвои хушзотро аз Русия ва Белорус ворид кардаанд.