ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Эрон Сайидиброҳими Раисӣ бо ирсоли паёме фаро расидани 32-умин солрӯзи истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари ҷумҳурӣ, давлат ва миллати ин кишвар табрик гуфт.
“Фаро расидани солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаноби олӣ ва мардуми кишвари дӯсту бародар самимона табрик мегӯям”, - таъкид кардааст Раисӣ.
Вай дар паёмаш қайд кардааст, ки Иштирокоти фарҳангӣ, таърихиву забонӣ, алоиқи муштараку табодули ҳайатҳои олирутба нақши қобили таваҷҷуҳе дар густаришу идомаи таомулоти фимобайн доштааст.
Раисҷумҳури Эрон изҳори умедворӣ кардааст, ки дар оянда дар партави талоши муштарак беш аз пеш шоҳиди густариши рӯзафзуни равобит миёни ду кишвар, дар ростои манофеи мутақобил ва тавсеаву амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ бошем.
“Аз Худованди мутаол саломативу муваффақияти он ҷаноб ва беҳрӯзиву саодати миллати шарифи Тоҷикистонро масъалат менамоям”, - зикр кардааст Сайидиброҳими Раисӣ раисҷумҳурии Эрон.