ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Русия Cергей Лавров, дар маросими дидори сарони ҳайатҳои иҷлоси гурӯҳи 20 ( G20 ) ҳузур ёфт ва шахсан мавриди истиқболи Норендра Модӣ нахуствазири Ҳинд қарор гирифт.
Қарор аст оқои Лавров, ки раёсати ҳайати русӣ дар ин рӯйдодро бар ӯҳда дорад, дар ду нишасти гурӯҳи 20 дар рӯзи шанбеи 9 сентябр ширкат кунад.
Ҳамчунин барномаи G20 замониро барои дидорҳои дуҷонибаи байни ҳайатҳои кишварҳои ширкаткунанда дар иҷлос фароҳам мекунад.
Бахши поёнии ин иҷлос қарор аст якшанбеи 10 сентябр баргузор шавад.
Лавров барои ширкат дар нишасти гуруҳи 20 рӯзи ҷумъаи 8 сентябри вориди Деҳлии нави пойтахт Ҳинд шуд.
Вазири умури хориҷа ба намояндагӣ аз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, намояндаи ҳайат Русия аст.
Нишасти сарони гуруҳи 20 аз 9 то 10 сентябр баргузор мешавад.
Пеш аз ин мушаххас шуд ки Владимир Путин раисҷумҳури Русия қасд надорад аз тариқи видео бо ширкаткунандагон дар ин рӯйдод суханронӣ кунад.
Ҳамчунин Си Ҷин Пинг раисҷумҳури Чин дар ин иҷлос ширкат нахоҳад кард.