Раҳмон ба хизматчиёни ҳарбӣ хона дод

Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, ки беҳтар сохтани инфрасохтори зарурӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба кормандони сохторҳои ҳарбӣ мавриди таваҷҷуҳ аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави истиқоматиро барои хизматчиёни ҳарбӣ мавриди истифода қарор доданд.
Ба иттилои дафтари матбути раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон нахуст калиди хонаҳои истиқоматиро ба кормандони Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тақдим намуд.
"Иншоот якҷо бо майдончаҳои варзишию бозӣ барои кӯдакон, дар масоҳати умумии беш аз 5 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду ошёна, 24 хона ва дигар биноҳои ёрирасон иборат мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Нигаронии Раҳмон аз шиддати "ҷанги сард" ва пешгӯияш дар мавриди оянда
Зикр гардид, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2019 бо ҷалби беш аз 70 нафар оғоз гардида, бо сифати баланду ҷавобгӯ ба талаботи меъморию сохтмонӣ ба истифода дода шуд.
Манбаъ афзуд, дар бинои нави истиқоматӣ маҷмуан 16 хонаи як ҳуҷрагӣ ва 8 хонаи ду ҳуҷрагӣ ҷойгир буда, пурра бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ ва ҷиҳози рӯзгор таъминанд.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар маҷмуъ дар 20 соли охир наздики 500 корманди Гвардияи миллии ҷумҳурӣ бо хонаҳои истиқоматии хизматӣ таъмин гардиданд.
Раисҷумҳур гуфт, ки беҳбуди инфрасохтори зарурӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба кормандони сохторҳои ҳарбӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва ҳукумат қарор дорад.