Путин Раҳмонро бо Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон табрик гуфт

Президенти Русия дар паёми табрикотии хеш ба дастовардҳои Душанбе дар замони соҳибистиқлолӣ ва ҳамкориҳои дӯстонаи дуҷониба бо Маскав ишора кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон барқияи табрикотӣ фиристод.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин паём раҳбари Русия табрикоти самимӣ расонида, ҳамчунин аз муваффақиятҳои Душанбе дар 32 соли мустақилияташ ёдовар шудааст.
"Кишвари шумо дар роҳи тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ бомуваффақият пеш рафта, дар ҳалли масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши созанда мебозад", — омадааст дар паёми Путин.
Вай инчунин ба рушди чашмраси равобити роҳбурдии дуҷониба ҳамчун муттаҳиду шарики наздик таваҷҷӯҳ кард.
Раҳбари Русия дар идома нақши калидии ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ИДМ, СПАД, СҲШ ва дигар сохторҳои байналмилалиро таъкид карда, афзудааст, ки онҳо самараи хуб медиҳанд.
Гузашти низомӣ бо иштироки даҳҳо ҳазор низомӣ дар Душанбе
"Итминон дорам, ки рушди минбаъдаи тамоми маҷмӯи равобити Русия ва Тоҷикистон комилан ҷавобгӯи манфиатҳои мардумони дӯсти мо буда, ба таҳкими сулҳу амният ва субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад", - омадааст дар паёми табрикӣ.
Ӯ дар фарҷом ба Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом, комёбиҳо ва ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон некуаҳволӣ ва шукуфоӣ таманно кард.