ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар ин бора дар дафтари матбуоти президенти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Сарвари давлат аввал сокинони шаҳрҳоро бо 32-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфт.
Раҳмон ҳамчунин ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки ба зимистони дарпешистода омодагӣ гиранд, пеш аз ҳама, муассисаҳои иҷтимоӣ ба фасли сармо омода шаванд.
Вай ҳамзамон хостааст, ки ҳосили пахта, картошка, меваю сабзавотро сари вақт ҷамъоварӣ намуда, бозорро бо ҳама чизи зарурӣ таъмин намоянд.
Илова бар ин, раҳбари Тоҷикистон ба масъалаи захира кардани маводи ғизоӣ ва тухмии зироат барои соли оянда дар ҳар як хонавода таваҷҷуҳ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар рӯзи истиқлол сокинони Тоҷикистон 3 рӯз истироҳат мекунанд.
Ин ба он далел аст, ки 9 сентябр ба рӯзи шанбе рост меояд, бинобар ин рӯзи истироҳати иловагӣ 11-ум хоҳад буд.