ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Директори генералии Созмони ҷаҳонии тиҷорат, Нгози Оконҷо-Ивеала эътимодномаи намояндаи нави Тоҷикистон дар созмонро қабул кард.
Намояндагии Тоҷикистон дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат ба уҳдаи Шараф Шерализода вогузор шудааст, ки дар баробари вазифаи сафири ҷумҳурӣ дар конфедератсияи Швейтсария масъулиятҳои дигарро низ ба уҳда дорад.
Шерализода аз ҷумла намояндаи Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева мебошад.
Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат 10 сол қабл - моҳи марти соли 2013 қабул гардид.
Дар мулоқоти Шерализода бо Нгози Оконҷо-Ивеала аз ҷумла дастовардҳою уҳдадориҳои ҷумҳурӣ дар доираи узвият дар созмон баррасӣ шудаанд.
Аз ҷумла ҷонибҳо ба тақвияти робитаҳои Тоҷикистон бо созмони мазкур изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан мақоми сафир дар Тоҷикистон ва намояндаи ҷумҳурӣ дар созмонҳои байналмилалии мақарашон дар Швейтсарияро, Ҷамшед Ҳомидов ба уҳда дошт.
Ҳомидов бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафир дар Конфедератсияи Швейтсария ва ҳамзамон намояндаи доимии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева озод гардида, ҷойашро Шерализода Шараф Аҳмадҷон гирифт.