ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон Анҷумани байналмилалии гардишгарии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ шурӯъ кард.
Ҳамоиши мазкур таҳти унвони "Марҳилаи нави ҳамкориҳои кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи сайёҳӣ" ном дошта, ду рӯз давом мекунад, хабар дод дафтари матбуоти кумитаи иҷроияи созмон.
Дар чорабинӣ роҳбарони ниҳодҳои сайёҳӣ, доираҳои тиҷоратӣ ва коршиносони соҳаи сайёҳии ИДМ иштирок мекунанд.
Зимни вохӯрӣ баррасии таҳкими ҳамкориҳо дар самти рушди сайёҳӣ дар назар буда, кишварҳои иштирокдор табодули таҷриба мекунанд.
Масъалаи таъсиси хатсайрҳои сайёҳии муштарак аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот арзёбӣ мегардад.
Интизор меравад, ки ширкаткунандагон харитаи роҳро барои рушди кластерҳои сайёҳӣ дар ИДМ таҳия кунанд. Инчунин намоишгоҳи "Душанбе-2023" баргузор мегардад, ки дар он Тоҷикистон имкониятҳояшро дар соҳаи сайёҳии тиббӣ, экологӣ, фарҳангӣ ва кӯҳӣ пешниҳод месозад.
Тоҷикистон рушди сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок қарор дода, ба иттилои мақомот дар нимсолаи аввали соли равон ба кишвар 628 ҳазор сайёҳ омадаанд, ки бештари онҳо - 453 ҳазор нафарашон аз аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил будаанд.