ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон даъвои як нафар бо номи "Бегмаҳмад", ки гӯё ӯ шаҳрванди Тоҷикистон рад кард.
Ахиран дар бахшҳои афғонистонии шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое паҳн гардид, ки дар он ин нафар мегӯяд, солҳои зиёд Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун кор карда, сипас ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон берун (депортатсия) карда шудааст.
Ба иттилои мақомот, ин нафар Аслишо Мирзогули Ҷондоршои 50-сола, шаҳрванди ҶИ Афғонистон ва сощиби ду фарзанд мебошад.
ВКД мегӯяд, ӯ тақрибан солҳои 1995-1996 аз ҶИА ҳамчун гурезаи ғайрирасмӣ ба ҳудуди Тоҷикистон ворид гардидааст.
"Номбурда, аз ҳамон вақт шиносномаи шаҳрванд Давлатов Бегмаҳмад Хурсандовичро дастрас намуда, бо роҳи сохтакорӣ соҳиби шиноснома гардидааст",- афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми санҷишу баррасӣ Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҷинояти сохтакории ҳуҷҷатҳо даст задани номбурдаро муайяну ошкор намуда, бо ин ҷурм ӯ аз 24 июни соли 2019 бо ҳукми суд аз озодӣ ба муҳлати 2 сол маҳрум шуда буд.
Ҳамин тариқ ба гуфти мақомот, тахминан охирҳои соли 2020 мавсуф ба ҶИА баргашта, бо ному насаби дигар, яъне Тоҷик Бик Моҳаммад, шиносномаи он кишварро соҳиб гашта, 9 июли соли 2021 ба Тоҷикистон ворид мегардад ва мӯҳлати раводидаш 4 феврали соли 2022 ба итмом мерасад.
Аммо вай бо ба итмом расидани муҳлати будубошаш кишварро тарк намекунад, ки дар натиҷа аз ҷониби мақомот аввал ҷазо дар намуди огоҳӣ мегирад, вале барои иҷро накардани он моҳи августи соли 2022 аз ҳудуди Тоҷикистон ихроҷ карда мешавад
Ин ниҳод мегӯяд, Аслишо Мирзогули Ҷондоршо расман барои гирифтани иҷозати зисти доимӣ ва қабул намудан ба шаҳрвандии Тоҷикистон ба воҳидҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД муроҷиат накардааст.