Толибон*: Кормандони ҳукумати ҳаққи меҳмонӣ рафтанро надоранд

Сарпарасти вазорати амр ба маъруфи ва ниҳи аз мункари толибон мегӯянд, ки кормандони ҳукумат ҳаққи меҳмонӣ рафтан ва туҳфа гирифтанро надоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Сарпарасти вазорати амр ба маъруфива ниҳӣ аз мункари толибон Муҳамадхолиди Ҳанафӣ дар як гирдиҳамоӣ дар шаҳр Ҳирот мегуяд,ки ҳеҷ як аз кормандони ҳукумат ҳаққи меҳмонӣ рафтанро надорад.
Оқои ҳанафии таъкид меварзад, ки бар бунёди дастури раҳбари толибон*, масъулон ва кормандон ҳукуматӣ наметавонанд аз касе туҳфа дарёфт кунанд.
“Амир ал Мумнин чунин ҳидояте додааст, ки масъулон бояд ба меҳмониҳо нараванд. Масъулон ҳар кас, ки бошад бидуни истисно ба меҳмонӣ бояд нараванд", - гуфт Муҳаммадхолид Ҳанафӣ.
Ин мақоми толибон ҳушдор медиҳад касоне, ки аз мавқифи ҳукуматӣ истифода кунанд, муҷозот хоҳанд шуд.
Толибон: Омодаи гуфтугӯ дар бораи қазоии Афғонистон бо ҷаҳон ҳастем
Сарпарасти вазорати амр ба маъруф ва ниҳй аз мункар мегуяд, ки ҳуқуқи занон дар чорчуби шариъат дар кишвари таъмин шудааст.
Гурӯҳи толибон* аз замон ба қудрат расидан дар Афғонистон аз авохири моҳи августи соли 2021 барои ҳамкорӣ ва густариши равобит бо созмонҳои байналмилалӣ, минтақа, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон талош мекунад.
Аммо бо сабаби маҳдудиятҳо нисбати занон ва таҳсили духтарон ва такқавмӣ будани ҳукуат то ҳол ҳеҷ кишваре ҳукумати толибонро* ба расмият нашинохтааст.