ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Омӯзгорони Тоҷикистон тасмим гирифтанд дар форуми байналмилалии таълимӣ ширкат намоянд.
Ин форум дар Донишгоҳи давлатии Томск баргузор шуд ва ба 145-солагии таъсисёбии муассисаи таълимӣ бахшида шуда буд.
Ҳайати Тоҷикистонро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода муаррифӣ кард.
Зимнан зикр гардид, ки донишгоҳи Тоҷикистон омода аст дар доираи созишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Томск фаъолиятро дар ҳама самтҳои маориф ва илм густариш диҳад.
Дар рафти ҳамоиш масоили табодули омӯзгорон, аспирантҳо ва донишҷӯён, мактабҳои тобистона, таҷрибаомӯзӣ, қабули хатмкунандагони бакалавр ба магистратура, тайёр кардани кадрҳои илмӣ, таҳқиқи маводи маҳаллӣ баррасӣ шуданд.
Ҳоло дар Донишгоҳи давлатии Томск беш аз 11 нафар аспирантҳо ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолияти илмию таълимӣ машғуланд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Тоҷикистон сабти номи довталабон барои ширкат дар даври сеюми имтиҳонҳои дохилшавӣ оғоз шудааст.
Аз 4 сентябри соли 2023 хоҳишмандон метавонанд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шаванд.