ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар бархе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд.
Ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, ҳарорат шабона то 1 дараҷа паст шуда, дар баъзе ноҳияҳо шамоли сахт ва чангу ғубор пешгӯӣ мешавад.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва шабона 8+13 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад
Дар шарқи вилоят бошад, шабона аз 0+5 дараҷа гарм то 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Аммо Суғдро ҳавои камабр фаро гирифта, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, шабона дар ноҳияҳо алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар Хатлон боришот пешгӯӣ намешавад ва ҳаво дар водиҳо шабона 15+20, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро ҳавои камабри бебориш фаро гирифта, аммо бо зиёд шудани вазиши шамол чангу ғубор ба амал меояд.
Дар водиҳои минтақа ҳаво шабона 15+20, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар пойтахт низ ҳаво камабри бебориш шуда, шабона 16+18 ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.