ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Маркази матбуоти Вазорати умури доххилаи Тоҷикистон аз боздошти зане, ки дар як навор кӯдакеро бераҳмона латтукӯб кардааст боздошт кардааст
Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда ва мавҷи вокунишҳои зиёдеро ба бор овард.
ВУД хабар додааст, ки вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи шуъбаи милитсияи ноҳияи Қубодиён як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, зани дар навор инъикосёфта муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
Ба иттилои ВУД ин шаҳрванд Буриева Гузалхон Собировна, соли таваллудаш 1989, сокини деҳаи Шоғарави ноҳияи Қубодиён мебошад, ки писарбачаи ноболиғ Мамараҳимов Иброҳим Илҳомҷонович, соли таваллудаш 2013, писари ӯгаяшро лату кӯб намудааст.
ВУД таъкид кардааст, ки вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.