Вазири дифои Украина истеъфо дод

Вазири дифои Украина Алексей Резников баъд аз ҷанҷолҳои зиёде вобаста ба ришвагирӣ ахиран ба Верховная Рада - парлумони ин кишвар аризаи истеъфоашро ироа кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Алексей Резников гуфт, ки ба Радаи Украина аризаи истеъфоашро аз мақоми вазири дифоъ ироа кардааст.
"Бо иҷрои қарори раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский, вай аризаи истеъфои худро ба Радаи Украина пешниҳод кард. Барои додани ҳисобот омодаам", - навиштааст оқои Резников дар шабакаи иҷтимоиаш.
Қаблан Владимир Зеленский дар бораи истеъфои Резников аз мақоми вазири дифои Украина ва таъйини Рустам Умеров, раиси собиқ Хазинаи амволи давлатӣ ба ин мақом хабар дода буд.
Вакили парлумони Украина Ярослав Железняк қаблан иддао карда буд, ки Резников сафир дар Британия таъйин мешавад ва Умеров ба ҷои ӯ вазири дифоъ таъйин хоҳад буд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вокуниши вазорати хориҷаи Русия ба ҳамалоти шабонаи Украина ба хоки Русия
Нашрияи "Украинская правда" низ бо такя ба манобеъаш дар кобинаи вазирони Украина навиштааст, ки Умеров номзад ба ҷои Резников аст.
Гуфта мешавад, ки ахиран Зеленский бо ӯ мулоқот карда, натиҷаҳои кори бунёдро баррасӣ кардааст.
Нашрия қайд кардааст, ки худи Умеров маълумотро дар бораи таъйинаш ба мансаби дигар рад ё тасдиқ накард.
Рустем Умеров сиёсатмадор, соҳибкор ва сармоягузори украинӣ аз тоторҳои Қрим аст.
Соли 2019 ӯ вакили Радаи Украина интихоб шуд. Аз сентябри соли 2022 раиси Хазинаи амволи давлатии Украина буд.