Толибон: Омодаи гуфтугӯ дар бораи қазоии Афғонистон бо ҷаҳон ҳастем

Муовини сухангӯи ҳукумати толибон мегӯяд, ки ин ҳукумат омодаи гуфтугӯ ва таъомул бо ҷаҳон дар бораи қазоии ин кишвар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 сен – Sputnik. Муовини сухангӯи ҳукумати толибон* Билол Каримӣ, ба расонаҳо гуфтааст, ки ҳукумати ин гурӯҳ омодаи гуфтугӯ дар мавриди абъоди хориҷии қазоёии Афғонистон бо ҷомеъа ҷаҳонӣ аст, иттилоъ дод “Радиои дарӣ”.
“Ҳеҷ монеъе дар заминаи таъомул ва гуфтугӯ миёни толибон ва ҷаҳон вуҷуд надорад”, - афзуд оқои Каримӣ.
Вай гуфт, ки ҳукумати толибон* хоҳони таъомули мусбат барасоси эҳтироми мутақобил бо кишварҳои ҳамсоя, ҷаҳон ва тамомии тарафҳо мебошад ва омодааст дар тамомии масоиле, ки абъоди хориҷии қазоии кишварро ташкил медиҳад бо ҷаҳони вориди баҳс ва музокира шавад.
Дипломати эронӣ: Дар таърихи Афғонистон ҳеч нерӯе ба танҳоӣ қудратро ҳифз накардааст
Гурӯҳи толибон* аз замон ба қудрат расидан дар Афғонистон аз авохири моҳи августи соли 2021 барои ҳамкорӣ ва густариши равобит бо созмонҳои байналмилалӣ, минтақа, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон талош мекунад.
Аммо бо сабаби маҳдудиятҳо нисбати занон ва таҳсили духтарон ва такқавмӣ будани ҳукуат то ҳол ҳеҷ кишваре ҳукумати толибонро* ба расмият нашинохтааст.
*- созмонё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад