Рӯзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ

Сокинон ва меҳмонони пойтахт бахшида ба Рӯзи китоб имкон пайдо карданд вориди дохили Китобхонаи миллии Тоҷикистон гарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 сен – Sputnik. Бахшида ба Рӯзи китоб, ки ҳамасола 4 сентябр дар Тоҷикистон гузаронида мешавад, 4-5 сентябр дар Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мегардад.
Дар ин бора дар сомонаи китобхонаи мазкур хабар доданд.
Зимни он барои дар сатҳи хуб муаррифӣ намудани китобу китобхона аз ҳисоби кормандони тамоми шуъбаву бахшҳо 40 нафар кормандони ҷавон ҷалб шудаанд.
Саёҳат дар дохили Китобхонаи миллӣ воситаи муаррифии китобдӯстиву китобдорӣ ба ҳисоб рафта, дар раванди он бо имконияту афзалияти узвият ба Китобхонаи миллӣ шинос мешаванд.
Баргузории намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Тоҷикистон
Ҳамзамон шаҳрвандон ва меҳмонон аз сатҳу сифати хизматрасонӣ огоҳ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори раисҷумҳур аз соли 2007 инҷониб дар Тоҷикистон 4 сентябр Рӯзи китоб дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.