Медведев гуфт чанд нафарро ба сифи артиши Русия тавассути шартнома қабул карданд

Муовини дабири Шӯрои амнияти Русия ахиран эълонг кард, ки аз 1 январи соли равон бо артиши Русия 280 ҳазор нафар шартнома бастанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Аз 1 январи соли равон наздик ба 280 ҳазор нафар ба сафи артиши Русия тавассути қарордод қабул шудаанд.
Ин рақамро ахиран муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев эълон дошт.
“Мувофиқи маълумоти вазорати дифоъ, аз 1 январ то имрӯз ҳудуди 280 ҳазор нафар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Русия қабул шудаанд”, гуфт Дмитрий Медведев дар чорабинии ба муносибати Рӯзи Ғалаба бар Ҷопони милитаристӣ ва охири ҷанги ҷаҳонӣ.
Номбурда қайд кард, ки қисме аз афроде, ки тибқи шартнома ба сафи артиш қабул карда шудаанд, афроде ҳастанд, ки дар захира буданд ва қисме ихтиёран омаданд.
Қаблан Дмитрий Медведев гуфта буд, ки дар моҳи июни соли 2023 мизони ҷалби сарбозони қарордодӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар як рӯз то 1400 нафар афзоиш ёфтааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вокуниши вазорати хориҷаи Русия ба ҳамалоти шабонаи Украина ба хоки Русия
Сиёсатмадор ҳамчунин афзуд, ки дар минтақаҳо барои ҷалби хоҳишмандони тибқи шартнома намояндаҳои ваколатдор ҷалб карда мешаванд.
Қабл аз ин, Медведев гуфта буд, ки аз 1 январ то 4 июли соли 2023 беш аз 185 ҳазор нафар ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия пазируфта шуданд.
Муовини раиси Шӯрои Амният афзуд, сарбозони қарордодӣ ва ихтиёрон дар минтақаи амалиёти вижаи низомии сатҳи баланди дастгирии Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва омодагӣ барои дифои кишварро нишон додаанд.
24 феврали соли 2022 Владимир Путин аз оғози амалиёти вижа дар Донбасс хабар дод. Ҳамин тариқ, ба гуфтаи ӯ, Маскав ба дархостҳои кумаки низомии сарони ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луҳанск (ҶМД ва ҶМЛ) посух додааст.