Нақзи қонуни замин дар Кӯлоб афзоиш ёфтааст

Дар Тоҷикистон мубориза бо қонуншиканиҳои бахши замин яке аз самтҳои афзалиятноки мақомот арзёбӣ мешавад ва ҳамасола садҳо ҷиноят дар ин бахш ошкор мегарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли равон дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб беш аз 800 ҳолати қонуншикании бахши замин ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора нашрияи маҳаллии "Пайк" аз қавли Кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлоб хабар дод.
Таъкид шудааст, ки дар минтақа ба ҷуз навоҳии Темурмалик ва Данғара дар боқимонда шаҳру навоҳӣ вайронкунии қонунгузории замин афзоиш ёфтааст.
Қонуншиканиҳои замин тайи нимсолаи аввали соли равон дар ноҳияи 10 ҳолат кам шуда, Темурмалик ба 38 адад баробар шудаст. Дар Данғара 105 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда соли гузашта ба 120 адад баробар буд.
Дар вилояти Хатлон 17 нафар омӯзгор соҳиби замин шуданд
Аз ҷумла дар шаҳри Кӯлоб беш аз 90 ҳолати қонуншикании замин ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод дар нимсолаи аввали соли гузашта ба 68 адад баробар буд.
Теъдоди қонуншиканиҳо дар Муъминобод - 95, Восеъ - 132 ҳолат, Ҳамадонӣ - 116, Фархор - 68, Шамсиддини Шоҳин - 57, Балҷувон - 40 ҳолати қонуншикании замин ошкор шудаст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон қаблан харидуфурӯши ғайриқонунии заминҳоро вабо арзёбӣ карда, барои мубориза бо қонуншиканиҳо дар ин бахш дар додситонии кулли ҷумҳурӣ сохтори алоҳида таъсис дода шуда буд.