Мактаби тахрибшуда дар низоъи марзӣ дар Исфара дубора боз шуд

Мактабе, ки дар Исфара дар натиҷаи низоъҳои марзӣ бо Қирғизистон дар моҳи сентябри соли 2022 осеб дида буд, дубора дарҳояшро барои хонандагон боз кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. Дар рӯзи дониш бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64 дар маҳаллаи Сомониёни шаҳри Исфара, ки дар ҷараёни муноқишаҳои марзии рӯзҳои 16-18 сентябри соли 2022 тахриб шуда буд, дубора ба истифода дода шуд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Исфара хабар дод.
Бино бар иттилои манбаъ, бинои нав барои таҳсили 270 кӯдак пешбинӣ шуда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
“Рӯзи дониш дар маҳаллаи Сомониён бо иштироки Баҳоваддин Баҳодурзод, раиси шаҳри Исфара маросими ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64 баргузор гардид”, - қайд кард манбаъ.
Мактаби тахрибшуда дар низоъи марзӣ дар Исфара дубора боз шуд
Қобили зикр аст, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии No64 дар деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара воқеъ аст ва бо деҳаи Кок-Тоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст.
Муассисаи таълимӣ аз ҷумлаи иншооти иҷтимоиест, ки дар натиҷаи низоъҳои марзӣ, ки моҳи сентябри соли 2022 рух дод, осеб дида буд.