ВКД мардеро бо иттиҳоми сӯиқасд ба ҷони ҳамсари собиқ дастгир кард

Мақомоти пулис аз ду ҳолати мудҳиши муноқишаи оилавӣ дар Суғду шаҳри Душанбе гузориш медиҳанд, ки натиҷааш бо кордзанӣ анҷомидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Дар Душанбе марде бо иттиҳоми сӯиқасди одамкушӣ дастгир шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии кишвар гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда, марди 36-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ буда, собиқ ҳамсарашро корд задааст.
Гуфта мешавад, ки фоҷеа 29-уми августи соли 2023, тахминан соати 19:00 дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сар мезанад.
"Мард бо собиқ ҳамсараш, зани 36-солаи сокини ноҳияи мазкур вохӯрда, аз ҳиссиёти авбошӣ, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум намудан, бо бераҳмии махсус ба узвҳои ҳаётан муҳими қафаси синааш зиёда аз 10 маротиба зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст",- афзудааст манбаъ.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Гуфта шудааст, ки дар ҳоли ҳозир аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ин ниҳод, ҳамзамон, аз чунин як ҳодисаи дигар дар ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ медиҳад.
Рашк: марде дар Суғд ҳамсарашро бо шаш зарби корд кушт
Таъкид шудааст, ки дар ин ҳодиса низ бинобар сабаби номуросоӣ ва ҷанҷоли лафзӣ ҷавони 28-сола ҳамсарашро дар хонаи хусураш корд мезанад
ВКД Тоҷикистон қайд кардааст, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Ин банди қонуни ҷиноии кишвар маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт солро пешбинӣ мекунад.