Сӯхтори тахтабозори Ҳисор: тафсилоти ҳодиса

Хадамоти оташнишонии ВКД мегӯяд, мубориза бо оташсӯзӣ дар тахтабозори Ҳисор идома дошта, вале дар ҳоли ҳозир дар бораи қурбониён маълумот нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Калонтарин бозори масолеҳи сохтмонӣ дар шаҳри Ҳисор оташ гирифт.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Раёсати бехатарии сӯхтори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дода, гуфтанд, ки ҳодиса субҳидам соати 4:16 сар зад.
Тибқи иттилои пешакӣ, майдони сӯхтор 400 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва то кунун хомӯш кардани он идома дорад.
"Кормандони хадамоти оташнишонӣ то ҳол дар ҷои ҳодиса қарор дошта, бо сӯхтор мубориза мебаранд",-таъкид карданд дар раёсат.
Илова бар ин, ин ниҳод афзуд, ки барои рафъи сӯхтор дастаҳои оташнишонӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Ваҳдат кор мебаранд.
Корхонаи истеҳсоли коғази ташноб дар Суғд ба коми оташ рафт
Тибқи маълумоти пешакӣ, касе осеб надидааст. Дар ҳоли ҳозир сабабҳои сӯхтор ва ҳаҷми хисороти расида таҳқиқ мешавад.