ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар баробари садҳо оташнишони техникаи дигар, ба хомӯш кардани сӯхтори ҷангал дар Геленҷик 2 ҳавопаймои оташнишонӣ равона гардиданд.
Дар ин бора раиси шаҳр, Алексей Богодистов бо такя ба маълумоти мақомоти ҳолатҳои изтирории минтақаи Краснодар иттилоъ дод.
Сӯхтор дар минтақа аз майдони 1,5 гектар рӯзи 29 август сар зада, алакай ба майдони 118 гектар паҳн шудааст.
Маҷмӯан, барои хомӯш кардани сӯхтор беш аз 400 нафар мутахассис ва ҳамчунин 70 воҳиди техника ҷалб шудаанд. Кор тамоми шаб давом карда, саҳарӣ боз ду ҳавопаймои амфибияи Бе-200 ба маҳалли ҳодиса фиристода шуданд.
Масъулини ҳолатҳои изтирорӣ изҳор медоранд, ки хатари паҳншавии аланга ба инфрасохтори шаҳр вуҷуд надорад, аммо вазъ мураккаб боқӣ мемонад.
Таъкид гардид, ба кори оташнишонҳо вазиши шамоли сахт халал мерасонад, ки баъзан суръати он то 30 метр дар як сония мерасад.
Ризокорон ва сокинони маҳаллӣ ба наҷотдиҳандагон дар мубориза бо сӯхтор кумак мекунанд. Ба гуфтаи мақомот, дар натиҷаи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.