Аҳмадзода хост, иншооти нав дар фурудгоҳи Хуҷанд босифат сохта шаванд

Раиси вилояти Суғд бо сохтмони иншооти нав дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлолият идома дорад, шинос гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд меҳмонхона ва ошхонаву тарабхонаи нав бунёд мегардад.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногун дар фурудгоҳ шинос гардид.
Сохтмони биноҳои ҷадид ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон идома дошта, феълан корҳои пардозгариву ороишӣ ҷараён доранд.
"Бинои меҳмонхона аз 5 ошёна ва 90 ҳуҷра иборат буда, дорои 188 кат мебошад.​ Бинои ошхона ва тарабхона бо ҷойи нишаст барои то 300 нафар сохта шуда, дар оянда шабонарӯзӣ фаъолият хоҳад кард", - омадааст дар иттилоия.
Парвози мусофирон аз тариқи фурудгоҳи Хуҷанд афзоиш ёфтааст
Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд афзуд, дар ҳудуди фурудгоҳ инчунин​ коргоҳи дӯзандагӣ ташкил шуда, либосҳои махсуси корӣ барои кормандони шуъбаву хадамоти фурудгоҳ омода карда мешавад.
Таъкид шудаст, ки корҳо барои таъмини сатҳи баланди бехатарии авиатсионӣ ва бехатарии парвозҳо низ амалӣ мегарданд.
Аз ҷумла, барои мутобиқ намудани фурудгоҳ ба стандартҳои байналмилалӣ барои нигаҳдории мошинҳо дар минтақаи истгоҳи мошинҳои махсус боксҳо бо ғунҷоиши 20 нақлиёт бунёд гардида, дар ошёнаи дуюми бинои мазкур утоқҳои корӣ барои кормандон сохта мешаванд.
Раиси вилоят зимни боздид аз фурудгоҳ, аз масъулин хост, то иншоотҳои нав саривақт бо сифати баланд мавриди истифода қарор дода шаванд.