Бо супориши президент: Раҳимзода дар Маскав боздошти "Дилшоди СБ"-ро баррасӣ мекунад

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо вазири корҳои дохилии Руси, аз ҷумла, боздошти муттаҳам дар рабудану куштори ноиби раиси "Ориёнбонк"-ро баррасӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзод бо дастури раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон озими шаҳри Маскав шудааст.
Дар ин бора Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки Раҳимзода дар шаҳри Маскав бо вазири корҳои дохилии Русия, генерал Владимир Колоколтсев мулоқот мекунад.
"Масъалаи дастгир намудани ҷинояткор Саидмуродов Дилшод вобаста ба гаравгон гирифтан ва куштори муовини раиси ҶСК "Ориёнбонк" Исматуллоев Шӯҳрат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ мегардад", - омадааст дар иттилоия.
"Ин камбудии мост": Раҳмон дар бораи рабудану куштори ноиби раиси "Ориёнбонк"
Мақомоти тоҷик қаблан итилоъ дода буданд, ки 23 июни соли 2023, соати 20:10 дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе аъзои гуруҳи ҷиноятпеша ноиби раиси "Ориёнбонк"-ро зӯран ба автомашина савор намуда, баъдан дар натиҷаи шиканҷа ба қатл расондаанд.
Раҳбарии ин гуруҳро Дилшод Саидмуродов, мулаққаб бо номи "Дилшоди СБ", собиқ корманди мақомоти корҳои дохилии Тоҷиикстон ба ӯҳда доштаст, ки баъди содир намудани ҷиноят ба иттилои мақомот ба Русия фирор кардааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон ахиран дар ин робита изҳор дошт, ки бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят 13 нафар боздошт гардида, 3 нафари дигар ба хориҷа фирор намудаанд, ки онҳо ҳам ояндаи наздик дастгир хоҳанд шуд.