Селҳои харобиовару маргбор дар Тоҷикистон - аксҳо

Бар асари боришоти шадид, ки дар пай селу сангрезӣ ва ярч дошт, инфрасохтор дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон осеб дида, одамони зиёд ба ҳалокат расиданд
Sputnik
1 / 10

Дар Тоҷикистон ба бартарафсозии оқибатҳои сели харобиовар оғоз карданд.

2 / 10

Боришоти сахту селхезӣ дар роҳҳои ҷумҳурӣ ҳаракатро маҳдуд мекунад.

3 / 10

Мақомоти идораҳои нақлиёт ва корхонаҳои роҳбон мегӯянд, баъди бартарафсозии оқибатҳо ҳаракати нақлиётро барқарор намуданад.

4 / 10

Селхезиҳо то ҳол боиси ҳалокати 17 нафар гардидаанд, ки дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд.

5 / 10

Ҳамчунин хонаҳои сокинону майдонҳои кишт зери обу лой мондаанд.

6 / 10

Бештар аз сел шаҳри Ваҳдат, Душанбе, Ҳисор, Рӯдакӣ ва минтақаи Рашт зиён дид.

7 / 10

Барои арзёбию бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ комиссияи вижа таъсис дода шудааст.

8 / 10

Даҳҳо худрав низ минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аз селу обхезӣ осеб дидаанд.

9 / 10

Офати табиӣ раванди обтозакунӣ дар Душанберо мушкил карда, боиси беоб мондани бисёри маҳаллаҳои пойтахт шудаст.

10 / 10

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои қурбониёну осебдидаҳо изҳори ҳамдардӣ намуд.